Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вилояти Дашоғузи Туркманистон зери чангу ғубори намак монд


Ба иттилои хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ, 27 май вилояти Дашоғузи Туркманистон зери чангу ғубори ғафс мондааст. Шамол аз самти шимолу ғарб ғубору чанги шӯрро овардааст.

Вилояти Дашоғуз яке аз минтақаҳои аз нигоҳи зистмуҳитӣ номусоиди Туркманистон аст. Сокинони он оқибатҳои хушкшавии баҳри Аралро бештар эҳсос карда, аз сифати бади оби ошомиданӣ ва шӯразании заминҳо шикоят мекунанд.

Хабарнигори Радиои Озодӣ мегӯяд, ин хокбориш то нимаи дувуми рӯзи якшанбе идома кард."Ҳамаи заминҳои гандуму пахта ва боғҳо зери ғубори намак монданд. Кӯчаҳо ҳама сафед шуд", - афзуд ӯ.

Хокбориш аз ҷониби Ҷумҳурии Худмухтори Қароқалпоқистони Узбекистон омадааст. Ба гуфтаи хабарнигори бахши узбекии Радиои Озодӣ, дар вилоятҳои Хоразм, Бухоро ва Навоии Узбекистон низ хокбориш буд. Ин вилоятҳои Узбекистон бо вилояти Лебапи Туркманистон ҳаммарзанд.

XS
SM
MD
LG