Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳомҳои нави Эрон алайҳи Нозанин Зоғарӣ


Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф
Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф

Як имдодрасони бритониёии эрониасл, ки дар Теҳрон зиндонист, ба хотири иттиҳомҳои нав дубора муҳокима хоҳад шуд. Дар ин бора Мӯсо Ғазанфарободӣ – раиси маҳкамаи инқилобии Теҳрон – рӯзи 26-уми май хабар дод.

Нозанин Зоғарӣ-Ратклифф давраи ҳабси панҷсоларо дар Эрон адо мекунад. Ӯро ба тавтиапароканӣ алайҳи ҳукумат айбдор кардаанд. Аммо хонавода ва низ Бунёди Томсон Ройтерз ин иттиҳомро рад мекунанд.

Хонум Зағорӣ-Ратклифф ба унвони мудири тарҳе барои Бунёди Томсон Ройтерз кор мекард. Ӯ ҳангоми дидор бо наздиконаш дар соли 2016 дар фурудгоҳи Теҳрон дастгир шуд.

Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷии Бритониё, гуфтааст, ӯ дар ҷараёни дидораш дар моҳи декабри соли гузашта аз Эрон хоста буд, афродеро ки монанди Зоғарӣ душаҳрвандӣ ҳастанд, аз боздошт раҳо кунад.

Ба гузориши Ройтерз, Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон аз соли 2015 ба ин тараф ба камиаш 30 нафареро, ки тобеияти дугона доранд, асосан бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт кардааст.

XS
SM
MD
LG