Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба ватан оварданд


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон чаҳор кӯдаки тоҷикро аз Сурия ба ватан оварда, вале ному насаби онҳоро ошкор накард. Ин кӯдакон рӯзи 26-уми май ба Душанбе расиданд.

Дар Вазорати умури хориҷӣ гуфтанд, ки "ба хотири ҳимояи ҳуқуқи атфол ва риояи ҷанбаҳои ахлоқӣ" аз тафсилоти бештар ва ифшои номи кӯдакон худдорӣ мекунанд.

Аз ин пеш, дар моҳи апрели имсол, мақомот чаҳор кӯдаки тоҷикро аз паноҳгоҳе дар маркази Ироқ ба ватан оварда буданд, ки яке аз онҳо Марям Шоеваи ёздаҳсола аст. Он вақт мақомот ному насаб ва, инчунин, акси кӯдаконро расонаӣ карда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, даҳҳо кӯдаки дигари тоҷик дар Ироқу Сурия ятим мондаанд ва талош барои бозгардонидани онҳо идома дорад.

Дар маҷмӯъ, беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар чанд соли гузашта ба Ироқу Сурия рафта, ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ ба мисли гурӯҳи “Давлати исломӣ” пайвастаанд.

Баъзе аз онҳо, ки кӯдаконашонро бо худ бурдаанд, дар ҷангҳо кушта шудаанд ва маълум нест, чанд ятими дигари тоҷик дар Ироқу Сурия мондаанд.

XS
SM
MD
LG