Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияву Саудӣ гуфтанд, тавлиди нафтро зиёд мекунанд


Арабистони Саудӣ ва Русия мегӯянд, барои фурӯ нишондани нигарониҳо аз болоравии нархи нафт, мумкин аст, тавлиди онро моҳи оянда афзоиш бидиҳанд.

Холид ал-Фолиҳ ва Александр Новак, вазирони энержии Арабистони Саудӣ ва Русия рӯзи 25-уми май дар як форуми иқтисодӣ дар шаҳри Санкт-Петербург гуфтаанд, омода ҳастанд, маҳдудият дар тавлиди нафтро, ки соли 2016 пеш гирифтанд, аз байн бардоранд.

Ба гуфтаи вазирон, афзоиши тавлиди нафт тадриҷӣ мешавад ва мумкин аст, содироти бештари он ба бозор аз нимаи дуввуми имсол сурат бигирад. Арабистони Саудӣ ва Русия соли 2016 баъди то 30 доллар поин омадани қимати як бушка нафти хом истихроҷи онро кам карданд.

Аммо баъди ҳаракати Амрико барои эъмоли таҳримоти нав ба зидди Эрону Венесуэла, ду содиркунандаи бузурги нафт қимати ин маводи сӯхт дар бозори ҷаҳонӣ дар ин охирҳо аз 80 доллар ҳам гузашт. Баъди эълони Арабистони Саудӣ ва Русия қимати як бушка нафти хом нафт рӯзи 25-уми май дар бозори Лондон то 76 доллар поин омад.

XS
SM
MD
LG