Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мудир барои ҷалби иҷбории омӯзгорон ба шанбегӣ аз мақом барканор шуд


Дар вилояти Самарқанди Узбекистон мудири мактаб-интернати шумораи 62 Азамат Умаровро барои ҷалби иҷбории омӯзгорон ба шанбегӣ аз мақомаш барканор карданд. Дар ин бора рӯзи 25 май бахши Узбекии Радиои Озодӣ хабар дод.

Омӯзгорони ин мактаб ҳафтаи равон шикоят карданд, ки Умаров муаллимону кормандони техникии таълимгоҳро ба меҳнати иҷборӣ ҷалб мекунад.

Азамат Умаров, ки дар гузашта мудири Идораи маорифи вилояти Самарқанд буд, баъди марги омӯзгор Диана Еникеева ҳангоми роҳрӯбӣ аз мақом барканор ва 18 май мудири мактаби 62 таъйин шуда буд.

Омӯзгори 23-сола Диана Еникеевро миёнаҳои моҳи марти соли ҷорӣ дар остонаи сафари президенти Узбекистон ба вилояти Самарқанд мошини борбари КамАЗ зер кард. Еникеева ҳамроҳ бо ҳамкоронаш ба рӯфтани роҳи мошингард машғул буд. Баъди ин ҳодиса чанде аз мансабдорони вилояти Самарқанд, аз ҷумла роҳбари раёсати маорифи вилоят аз мақом барканор шуданд.

Дар пайи ин ҳодиса қароре низ ба имзо расид, ки дар Узбекистон ҷалби кормандони муассисаҳои давлатиро ба кори маҷбурӣ манъ мекунад. Мансабдороне, ки ин қарорро риоя намекунанд, аз 1 то 3 маоши ҳадди ақал ҷарима мешаванд.

XS
SM
MD
LG