Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА аз киберҳамлаи нави вирусӣ ҷилавгирӣ кард


Вазорати адлияи ИМА гуфт, ки як домейни интернетиро боздошт кардааст, ки аз ҷониби гурӯҳи марбут ба хадамоти ҷосусии ҳарбии Русия ба хотири ташкили киберҳамлаҳои калон, аз ҷумла болои Украина роҳандозӣ шудааст. Ин масдудшавӣ шоми 23 май сурат гирифт ва ҳадафаш боздоштани пеши роҳи раҳнашавии ниммиллион компютерҳои вирусдор аст. Тавассути ин шабака, ба гуфтаи онҳо, ҳакер ё рахнагарон вориди компютерҳо шуда иттилои арзишмандии компютерҳои дигарро азхуд мекунанд.

Оҷонсии амниятии Украина қаблан ҳушдор дод, ки дар остонаи Лигаи қаҳрамонии футбол рӯзи 26 май дар Киев эҳтимоли ҳамлаҳои ҳакерӣ вуҷуд дорад. Скотт Смит, ёвари раҳбари Оҷонсии федеролии таҳқиқоти Амрико гуфт, ки ин ниҳоди амрикоӣ барои ҳадди аксар кам кардани таъсири ин ҳамла тамоми тадбирҳоро рӯи даст гирифтааст.

Оҷонсиҳои истихборотии Амрико соли гузашта иддао карданд, ки гурӯҳи рахнагари русӣ иттилои марбут ба ҳизби демократи Амрикоро дар ҷараёни интихоботи соли 2016 рахна кардааст.

XS
SM
MD
LG