Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Мирсаидов дар додгоҳ: марҳалаи омӯзиш то 2 ҳафта мекашад


Додгоҳи Хуҷанд парвандаи Хайрулло Мирсаидов, журналист ва раҳбари гурӯҳи КВН-и Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор додааст.

Мавҷуда Шарифзода, раиси ин додгоҳ рӯзи 23 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки марҳалаи омӯзиш то 2 ҳафтаро дарбар мегирад ва пас аз он мурофиа оғоз хоҳад шуд.

“Парвандаро Ҷӯрахон Раҳмон - муовини раис омухта истодааст. Ва ӯ тасмим мегирад, ки мурофиа чӣ гуна барпо хоҳад шуд. Ба фикрам, мурофиа ошкоро сурат мегирад.”

Ҳарчанд парвандаи Мирсаидов “махфӣ” нест, вале вакили дифои ӯ – Аскар Турсунов мегӯяд, мақомоти тафтишотӣ аз ӯ забонхат гирифтанд, ки ҷузъиёти онро ошкор накунад. Аз ин рӯ, ӯ дар ҷараёни тафтиш аз суҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекард.

Ҳафтаи гузашта як манбаъ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, қарори бекор шудани моддаи 189 аз парвандаи Мирсаидов бар асоси хулосаи ташхиси мутахассисон гирифта шуд, ки дар саҳнаҳои ҳунарнамоии гурӯҳи КВН аломатҳои "барангехтани кинаю адовати миллию динӣ"-ро ошкор накард ва бар асоси хулосаи ин ташхис, моддаи мазкур аз парванда берун карда шуд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ин манбаъ, тафтиши додситонӣ маълум кардааст, ки Мирсаидов на беш аз 300 ҳазор сомонӣ, чунонки қаблан мақомоти додситонӣ гуфта буданд, балки ҳудуди 100 ҳазор сомонӣ маблағи аз будҷа барои гурӯҳи КВН ҷудошударо "барои харҷҳои хусусии худ ва ба таври ғайримақсаднок", истифода кардааст. ​

Ба ин тартиб, Мирсаидов дар додгоҳ аз рӯи моддаҳои "аз они худкунӣ ё исрофкорӣ" (банди 245), "сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, мўҳр ва бланкаҳои қалбакӣ" (340) ва "дидаю дониста расонидани хабари бардурўғ (соддаи 346)" посух хоҳад дод.

Боздошти Мирсаидов боиси интиқоди зиёди созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар ва ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва дигарон шуд. Онҳо озодшавии билофосилаи журнасти маъруф ва ташкили додгоҳи озоду мунсифонаро талаб доранд.

XS
SM
MD
LG