Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо аз Исроил хост, задухӯрдҳои Ҳайфаро таҳқиқ кунад


Федерика Моғеринӣ
Федерика Моғеринӣ

Иттиҳоди Аврупо (ИА) аз Исроил даъват кард, задухӯрди ҳафтаи гузаштаи тазоҳургаронро бо кормандони пулис дар шаҳри Ҳайфа фавран таҳқиқ кунад.

Хадамоти сиёсати хориҷии Аврупо 22 май бо нашри як изҳорот гуфт, дар натиҷаи задухӯрдҳо раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи арабиву исроилии Мусово Ҷафар Фараҳ осеб дидааст.

Фараҳ пулиси Исроилро ба истифодаи зиёдаравонаи нирӯ айбдор кард. Аз ҷумла пойи ӯро баъд аз боздошташ барқасдона шикастанд. Ба иттилои расонаҳо, пулиси Исроил рабт доштани шикастани пойи Фараҳро ба боздошташ рад кард.

Дар Брюссел тасмими мақомоти Исроилро барои бекор кардани раводид (виза)-и кории раҳбари намояндагии созмони ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) шаҳрванди ИМА Умар Шакирро маҳкум карданд. Ба ӯ ихроҷшавӣ аз Исроил таҳдид мекунад.

"ИА интизор дорад, ки Исроил тасмими худро бозбинӣ мекунад. Агар бозбинӣ накунад, рӯйхати кишварҳоеро тартиб хоҳем дод, ки кормандони HRW-ро ба қаламрави худ роҳ намедиҳанд ё ихроҷ мекунанд", - омадааст дар изҳорот.

XS
SM
MD
LG