Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таркише дар Қандаҳор 32 нафар кушта шуд


Дар пайи як ҳамлаи интиҳорӣ дар шаҳри Қандаҳори Афғонистон 32 нафар кушта шуда, чандин нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ин ҳодиса нисфирӯзии 22-уми май рӯх дод ва то ҳол ҳеҷ гурӯҳ масъулияти ҳамлаи пурқурбониро бар дӯш нагирифтааст.

Мақомоти афғон мегӯянд, маргталаб мошини пур аз маводи таркандаро инфиҷор кардааст. Даҳҳо захмии дигари ин ҳамла ба шифохона интиқол ёфтаанд.

Мақомот мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд ин ҳамла кори дасти гурӯҳи Толибон аст, ки моҳе пеш аз оғози амалиёти наве зидди нерӯҳои давлатӣ хабар дода буданд.

XS
SM
MD
LG