Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Евгений Ройзман ба истеъфо рафт


Апрели соли 2018
Апрели соли 2018

Раиси шаҳри Екатеринбург Евгений Ройзман ба истеъфо рафт. Дар як изҳороташ тавассути шабакаи Твиттер ӯ гуфт, ки сабаби истеъфо бекор шудани муқаррароти интихоботи мустақими мири шаҳр будааст. Вай навишт, ки «тағйирот ба Оинномаи Екатеринбург бо сабаби бекор шудани интихоботи мустақими раиси шаҳр – фиреби ошкорои сокинон ва ҳам манфиатҳои шаҳр аст. Ман аз ин чиз даст мекашам ва ба истеъфо меравам».

Қарори худро ӯ инчунин дар Думаи шаҳри Екатеринбург ҳам эълон кард. Вай гуфт:

“Таҳрири оиннома фиреби ошкорои ва ҳам хиёнат ба манфиатҳои сокинони шаҳр аст. Барои ҳамин ҳам ман канор рафтам. Ин Екатеринбург аст ва мардум маро мефаҳманд. Ин танҳо роҳи росту одилонаи берун шудан аз ин ҳолат аст”.

Дар ин ҷаласа қарор буд, ки тағйирот ба оинномаи шаҳр дар бораи бекор шудани интихоботи мустақим эълон мешуд. Аз ин пеш Ройзман, ки раҳбарии думаи шаҳрро ба ӯҳда дорад, аз баррасии ин мавзӯъ дар ҷаласа худдорӣ кард.

По иттилои раиси комиссиюни интихоботии шаҳри Екатеринбург, ин ниҳод бояд бар асоси аризаи хаттии Ройзман амал карда, думаи шаҳрӣ онро қабул кунад.

Дар оғози моҳи апрел маҷлиси вилояти Свердловск тарҳи қонуни бекоркунандаи интихоботи мустақими раиси шаҳри Екатеринбургро қабул кард. Ҳамакнун, интихоби раиси шаҳр дар думаи шаҳрӣ ва аз ҳисоби номзадҳои пешниҳодии комиссиюни вижа сурат мегирад. Интихоботи мири шаҳр моҳи сентябр баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG