Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 афсари полис дар задухӯрд бо Толибон кушта шуданд


12 апрели имсол вулусволии Хоҷа Умар дар Ғазнӣ ҳам мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифт
12 апрели имсол вулусволии Хоҷа Умар дар Ғазнӣ ҳам мавриди ҳамлаи Толибон қарор гирифт

Дар вилояти шарқии Ғазнии Афғонистон дар паи чанд ҳамлаи Толибон дасти кам 14 ходими полис кушта шуд. Ҳасан Ризо Юсуфӣ, як узви шӯрои маҳаллӣ гуфт, ки дар ҳамлаи вулусволии Деҳяк 7 афсари полис, аз ҷумла раиси полиси ноҳия Саидулло Тӯфон кушта шуданд. Ҳафт нафари дигар дар ҳамлае дар вулусволии Ёғутӣ кушта шуданд. Ин ҳодисаҳо рӯзи 21 май рух доданд, вале рӯзи 22 май ҳам низоъҳо дар вулусволиҳои Деҳяк, Ёғутӣ, Аҷристон ва Қарабоғ идома доранд. Латифа Акбарӣ, раиси шӯрои вилоятии Ғазнӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки дар ҷангҳои Деҳяку Ёғутӣ 20 нафар аз миёни нирӯҳои амниятӣ маҷрӯҳ шуданд.

Сухангӯи Толибон масъулияти ин ҳамларо ба дӯши худ гирифт. Забеҳулло Муҷоҳид иддао кард, ки ҷангиёни Толибон маъмурияти вулусволиҳои Ёғутиро ба даст оварда, инчунин посгоҳҳои полисро ҳам дар Деҳяк таҳти назорат гирифтанд.

Ин ҳамлаҳо бахше аз юришҳои баҳории Толибон аст, ки намехоҳанд бо ҳукумат сари мизи гуфтушунид нишинанд.

XS
SM
MD
LG