Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди нави Толибон дар Афғонистон


16 май, Фараҳ баъди як ҳамлаи Толибон
16 май, Фараҳ баъди як ҳамлаи Толибон

Толибон сокинони Кобулро таҳдид карданд, ки худро дур аз «муассисаҳои низомӣ» бидоранд, чун онҳо мехоҳанд ин муассисаҳоро бештар ҳадаф қарор диҳанд. Дар як изҳороте, ки рӯзи 21 май дар интернет нашр шуд, Толибон таҳдид карданд, ки ҳамлаҳои дарпешистода бахше аз ошӯби баҳории онҳо мебошад. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Толибон хостори зарари камтар ба сокинони мулкӣ ва мавриди ҳадаф қарор додани «душмандони низомӣ» мебошад.

Маълум нест, ки манзури онҳо аз муассисаҳои низомӣ чист. Азсаргирии ҳамлаҳои баҳорӣ дар ҳолест, ки Толибон даъвати ҳукумат барои нишастан сари мизи музокиротро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG