Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз ИА пуштибонии бештар мехоҳад


Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Мигуэл Ариас Канете
Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Мигуэл Ариас Канете

Эрон аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки барои ҳифзи шарту шурути созишномаи соли 2015, ки ин кишварро бар ивази хатми фаъолиятҳои ҳастаӣ аз таҳримҳо озод мекунад, талоши бештаре ба харҷ диҳад.

Дар як мулоқот бо комиссинери масоили энергии Иттиҳодияи Аврупо Мигуэл Ариас Канете рӯзи 20 май, вазири умури хориҷаи Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф гуфт, ки бо берун шудани ИМА аз ин созиш, ҷомеаи Эрон аз Иттиҳодияи Аврупо интизор дорад, ки барои ҳифзи дастовардҳои то ҳол ҳосилшуда кори бештаре анҷом диҳад.

Зариф гуфт, ки дар шароити феълӣ танҳо пуштибонии сиёсии Аврупо кам аст. Вай гуфт, Иттиҳодияи Аврупо бояд барои роҳандозии ҳамкориҳои бештари иқтисодӣ ва афзоиши сармояҳои бештар иқдом кунад. Созиши ҳастаӣ бо Эронро соли 2015 Чин, Русия, Фаронса, Олмон, Бритониё ва ИМА имзо карданд.

Ҳадафи созиш ин буд, ки Эрон ҳамаи фаъолиятҳои барномаи ҳастаиро қатъ ва ғарб аксари кулли таҳримҳои иқтисодии ҷорикардаашро болои ин кишвар бекор мекунад. Вале президент Доналд Трамп рӯзи 8 май гуфт, ки кишвараш аз ин созиш берун мешавад ва дубора таҳримҳои шадидтаре болои Эрон таҳмил мекунад.

XS
SM
MD
LG