Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Техас маросими видоъ бо Сабика Шайх баргузор шуд


Маросими видоъ бо Сабика Шайх
Маросими видоъ бо Сабика Шайх

Дар Техаси Амрико садҳо нафар барои ширкат дар маросими видоъ бо як мактабхони покистонӣ Сабика Шайх омаданд. Духтаре, ки бар асоси як барномаи табодули мактабиён барои таҳсил ба ин кишвар омада буд, дар як ҳамлаи мусаллаҳона ба мактаби олӣ кушта шуд.

Маросими видоъ рӯзи якшанбе дар маркази Исломии шаҳри Стаффорди Техас ва дар ҷое баргузор шуд, ки наздик ба мактаби олии Santa Fe ва макони куштор будааст. Бо сабаби ин ки духтар дар ИМА хешу табор надошт, ҷомеаи мусалмонони Техас ташкили маросими видоъро ба дӯш гирифт.

Сабика Шайх дар Амрико дар як манзили хонаводаи амрикоӣ ва аз рӯи барномаи табодули муҳассилон зиндагӣ мекард. Ҷейсон Когбӯрн, “падари” амрикоии духтарак аз ӯ ба некӣ ёд кард ва гуфт, ки ба хотири фарҳангу одоби Сабика онҳо ҳам тавонистанд дар бораи мардуми Покистон ва ҳам расму русуми мусалмонон бисёр чизро омӯзанд. Сабикаи 17-сола ҳамроҳ бо 8 донишҷӯ ва 2 омӯзгор қурбони ҳамлаи мусаллаҳонаи марде шуд, ки баъдан ба полис таслим шуд.

XS
SM
MD
LG