Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷина Ҳаспел – раҳбари Идораи истихбороти Амрико


Ҷина Ҳаспел - раҳбари Идораи истихбороти ИМА

Сенати Амрико номзадии Ҷина Ҳаспелро ба мақоми раҳбари Идораи истихбороти ИМА тасдиқ кард ва бо ин ба баҳсҳои даст доштани Ҳаспел ба бозпурсиҳо бо "таассуботи шадид" алайҳи гумонбарони терроризм, хотима гузошт. Ҳаспел аввалин зан дар мақоми раҳбари Идораи истихбороти Амрико ё ЦРУ хоҳад буд, ки дар ин муассиса 33 сол кор кардааст ва ҳоло иҷрокунандаи вазифаи раҳбар аст.

Номзадии Ҷина Ҳаспел сарфи назар аз вуҷуди мухолифатҳо дар заминаи даст доштани ӯ ба истифодаи шеваҳои шадиди бозпурсии муттаҳамон, аз ҷумла ғарқ кардани гумонбарҳои ҳамлаи террористии 11-уми сентябри соли 2001, тасдиқ шуд. Бисёриҳо ин шеваи бозпурсиро ба шиканҷа баробар медонанд.

Ҳаспел бахши умдаи фаъолияти кориашро дар Идораи истихборот ҳамчун корманди махфӣ сипарӣ кардааст. Ӯ соли 2002 гумоштаи Идораи истихборот дар Тайланд буд, ки ЦРУ дар маҳбаси пинҳонии он бо истифода аз шеваҳои мухталиф бозпурсӣ анҷом медод.

Се сол баъд ӯ амр дод, ки навори бозпурсиҳо маҳв шаванд.

Видеоҳои охирин

Бовар надоштем, ки духтари мо 9 "миллионӣ" мешавад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:49 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG