Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёев: пешрафтҳои Узбекистон дар бахши ҳуқуқи инсон "бебозгаштанд"


Мулоқоти Доналд Трамп бо Шавкат Мирзиёев. 16 май, 2018
Мулоқоти Доналд Трамп бо Шавкат Мирзиёев. 16 май, 2018

Президент Шавкат Мирзиёев гуфт, пешрафтҳои Узбекистон дар робита ба беҳбуди ҳуқуқи инсон дар кишвар "бебозгашт" аст. Ин нуктаро ӯ дар ҳошияи мулоқоти худ бо раис и ҷуҳмури Амрико Доналд Трамп дар Кохи сафед баён дошт.

Кохи сафед шоми 16 май бо нашри як изҳорот аз "оғози давраи нави шарикии стратегии Вашингтону Тошканд" иттилоъ дод. Трамп эътироф кардааст, ки бо оғози раҳбарии Мирзиёев дар Узбекистон ин кишвар ба ислоҳоти муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муваффақ шуд. Мирзиёев раҳбарии Узбекистонро баъд аз марги президенти нахустини ин кишвар Ислом Каримов дар соли 2016 бар зимма гирифт.

Ба маълумоти Кохи сафед, Доналд Трамп аз ислоҳоти Мирзиёев дар беҳбуди вазъи ҳуқуқи инсон дар Узбекистон истиқбол кард. "Раҳоии маҳбусони сиёсӣ, аз байн бурдани истифодаи меҳнати кӯдакон ва пешрафтҳо дар мубориза бо меҳнати иҷборӣ дар Ӯзбекистон шароитро барои ҳамкориҳои густардаи иқтисодиву сиёсӣ ва амниятӣ бо ИМА фароҳам карданд", - омадааст дар изҳороти Кохи сафед.

Мирзиёев дар ҷараёни нахустин сафари расмии худ ба Вашингтон гуфт, ки мехоҳад барои ҳифзи озодии дин дар Узбекистон "харитаи роҳ"-и фарогиреро пайрезӣ кунад. Ба гуфтаи Мирзиёев, дар сиёсати ӯ манфиати узбекистониҳо ва пешрафт дар бахши ҳуқуқи инсону озодӣ бартарӣ хоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG