Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази Ишқобод зери об монд


Боронҳои пуршиддати чанд рӯзи охир маркази шаҳри Ишқободи Туркманистонро зери об карданд. "Як ҳафта аст, ки борон меборад. Дирӯзу рӯзи пешаш борони сахт рехт. Замин пурнам шудаст ва дигар обро фурӯ намебарад. Боронҳои охир бархе аз маҳсулотро дар анборҳои мағозаҳо корношоям кард. Бисёре аз таваққуфгоҳҳои зеризаминии биноҳои истиқоматӣ пури об шудаанд", - хабар медиҳад бахши туркмании Радиои Озодӣ. Ба навиштаи расонаҳо, сокинон ва ҳам мақомоти Ишқобод ба поккории ҷӯйборҳо шуруъ кардаанд. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои давлатии Туркманистон аз боридани боронҳои тӯлонӣ мардумро қаблан огоҳ накардаанд ва дар бораи паёмадҳои он чизе намегӯянд.

XS
SM
MD
LG