Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зариф аз "оғози хуб"-и музокирот бо Иттиҳоди Аврупо хабар дод


Нишасти вазирони хориҷии кишварҳои созишномаи ҳастаӣ бо Эрон дар Белгия
Нишасти вазирони хориҷии кишварҳои созишномаи ҳастаӣ бо Эрон дар Белгия

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон, гуфт, ки Теҳрон ва қудратҳои аврупоӣ дар музокироти ҳифзи созишномаи ҳастаии соли 2015 бо Эрон “оғози хуб” доранд. Шарҳи Зариф дар ин робита рӯзи 15-уми май дар Брюссел, ба дунболи мулоқоташ бо вазирони умури хориҷии Бритониё, Фаронса ва Олмон пахш шуд.

“Мо дар масири дуруст ҳаракат дорем. Бисёр чизҳо ба тамсимҳои мо дар чанд ҳафтаи оянда вобаста хоҳад буд”, - гуфт Зариф баъди мулоқот, ки 90 дақиқа идома кард.

Раҳбари бахши сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Федерика Моғеринӣ, ки низ дар ин мулоқот иштирок дошт, гуфт, чаҳор вазир тамоюли худро барои ёфтани "роҳи ҳалли амалӣ" барои идомаи қарордоди ҳастаӣ баён доштанд. Моғеринӣ гуфт, бо назардошти фаврӣ будани масъала вазирон талош мекунанд, ки роҳи ҳалро ҳафтаҳои оянда пайдо кунанд.

“Иттиҳоди Аврупо наметавонад ба Теҳрон замонатҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ диҳад, аммо барои дарёфти роҳи идомаи сармоягузориҳо талош хоҳад кард”, - гуфт як дипломати баландпояи Иттиҳоди Аврупо.

Муҳаммадҷавод Зариф ба хотири дарёфти пуштибонии кишварҳое, ки тарафи дигари созишномаи ҳастаӣ бо Теҳрон буданд, ба Брюссел сафар кард.

Президент Доналд Трамп рӯзи 8-уми май Амрикоро аз ин қарордод берун овард ва гуфт, бо сармоягузорӣ ба ҷангҷӯён дар Ховари Миёна ва озмоиши мушкаҳои баллистикӣ Теҳрон руҳияи созишномаро нақз кардааст.

XS
SM
MD
LG