Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамоти оташнишонӣ дари 9 боғчаву кӯдакистони Душанберо муҳр зад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар заминаи вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор, дари 9 боғчаву кӯдакистони шаҳри Душанберо муҳр зад. Ин хадамот мегуяд, фаъолияти кӯдакистонҳои рақами 62, 101 ва 139-и ноҳияи Сино, боғчаи рақами 5-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва кӯдакистони рақами106 ва 134-и ноҳияи Фирдавсӣ муваққатан боздошта шуд.

Хадамоти давлатии оташнишонӣ мегуянд, ки масъулини ин кудакистонҳо «дидаву дониста мунтазам талаботи меъёру қоидаҳои бехатариро риоя намекарданд». Дар пайи рейдҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ 42 мудир ва масъулони боғчаву кӯдакистонҳои пойтахт ба маблағи наздик ба 37 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд.

Ҳоло дар Душанбе беш аз 30 дарсади атфол ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд. Дар ҳудуди пойтахт 125 кӯдакистони давлатӣ ва хусусӣ вуҷуд дорад.

XS
SM
MD
LG