Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

56% русиягиҳо худро дар инзивои байналмилалӣ эҳсос мекунанд


Теъдоди шаҳрвандони Русия, ки эҳсос мекунанд кишварашон дар инзивои байналмилалӣ қарор дорад, ба нишондоди ҳадди аксари 56 дар сад расид. Чунин аст натиҷагирии пурсиши "Левада-центр", ки онро нашрияи "Ведомости" рӯзи 13 май нашр кард.

Теъдоди шаҳрвандоне, ки аз ин ҳолат норозӣ ҳастанд, дар як сол ба 12 зинаи дарсадӣ (соли гузашта 37% буд) афзоиш ёфт. Ҳамзамон шумори онҳое, ки мегуфтанд Русия бояд бо Ғарб робитаи қавӣ барқарор кунад, аз 66 ба 54 дар сад поён рафтааст.

Ҳамчунин дар Русия арзёбии манфӣ нисбати кишварҳои ғарбӣ бештар шудааст. 40 дар сад гуфтанд, дар ҳоле, ки мардуми Русия нисбат ба Ғарб ҳеҷ эҳсосе надорад, Ғарб ба Русия бо тарс муносибат мекунанд. 21 дар сад ҷонибдори ин ақида буда, 16 дар сад гуфтанд, ки ғарбиҳо ба кишвари онҳо нафрат доранд.

Кишварҳои Ғарб соли 2014 баъди ишғоли Қрим ва пуштибонии Русия аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина, Маскавро таҳрим карданд.

XS
SM
MD
LG