Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тошканд меҳнати маҷбуриро манъ мекунад


Узбекистон - Пахта 2017
Узбекистон - Пахта 2017

Ҳукумати Узбекистон дастур дод, ки аз меҳнати маҷбурӣ дар ин кишвар комилан пешгирӣ шавад.

Узбекистон - яке аз содиркунандагони умдаи пахта дар ҷаҳон аст, ки дар давоми солҳо хонандагони мактаб, омӯзгорон, табибон ва кормандони сохторҳои давлатиро иҷборан ба ҷамъоварии пахта ҷалб мекард. Дар заминаи истифодаи меҳнати кӯдакон дар ҷамъоварии пахта, Тошканд пайваста таҳти фишори созмонҳои байналмилалӣ қарор дошт ва чанд ширкати бузурги тавлиди либос ба ин далел аз харидории пахтаи Узбекистон даст кашиданд.

Дар фармони ахири ҳукумати ин кишвар "Дар бораи чораҳои иловагӣ барои пешгирӣ аз меҳнати иҷборӣ дар Узбекистон", ки рӯзи 10 май содир шуд, омадааст, ходимони давлатӣ, аз ҷумла омӯзгорон ва табибон, инунин хонандагони мактабҳои давлатӣ набояд ба меҳнати иҷборӣ, аз қабили рӯбучини кӯча ва ҷамъоварии пахта ҷалб шаванд. Дар фармони мазкур аз додситонӣ ва вазорати меҳнат талаб шудааст, ки барои пешгирии ин маридҳо чораандешӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG