Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ раҳбари ДИИШ дар Ироқ боздошт шуд


Тонки артиши Ироқ дар канораҳои Киркук
Тонки артиши Ироқ дар канораҳои Киркук

Дар Ироқ панҷ раҳбари гурӯҳи террористии "Давлати Исломӣ" боздошт шуд. Дар ин бора Reuters рӯзи 10 май хабар дод.

Дар амалиёти боздошти ин гурӯҳ нерӯҳои эътилофи байналмилалии таҳти назари ИМА, ки ҷангиёни ДИИШ-ро дар Сурия саркӯб мекунад, ширкат доштанд. Намояндаи эътилоф ин боздоштро "зарбаи ҳассос" ба ҷангиёни ДИИШ унвон кард. Раиси ҷумҳури ИМА Доналд Трамп дар твиттер навишт, ки сухан аз бораи "панҷ раҳбари шадидан мавриди ҷустуҷӯ"- и гурӯҳи тундгарои "Давлати Исломӣ" аст.

Ҳамчунин маълум шудааст, ки дар байни ин панҷ нафар Абубакр ал-Бағдодӣ, поягузори ДИИШ ҳузур надорад ва макони будубоши ӯ то ҳол маълум нест. Низомиёни Русия қаблан гуфта буданд, ки эҳтимолан Бағдодӣ кушда шудааст, аммо ҳеҷ исботе пешниҳод накарданд.

Соли гузашта тақрибан тамоми қаламрави Ироқ аз дасти гурӯҳи террористии ДИИШ озод шуд Онҳо дар Сурия низ бузургтарин минтақаҳои аҳолинишинро аз даст доданд. Аммо ҳоло ҳам минтақаҳоеро дар биёбонҳои наздик ба сарҳади Ироқ таҳти назорат доранд.

XS
SM
MD
LG