Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия бори аввал ба даври ниҳоии "Евровидение" роҳ наёфт


Юлия Самойлова
Юлия Самойлова

Намояндаи Русия дар озмуни таронаҳои "Евровидение" Юлия Самойлова ба даври ниҳоӣ роҳ наёфт. Аз соли 2004 ба ин тараф бори аввал аст, ки Русия аз иштирок дар даври ниҳоии озмун маҳрум мешавад.

Дар шаҳри Лиссабони Португалия рӯзи 10 май даври ниманиҳоии озмун баргузор шуд, ки Самойлова дар он бо суруди "Ман нахоҳам шикаст" иштирок кард.

Ин ҳунарманд бояд соли 2017 дар озмуни "Евровидение" иштирок мекард. Аммо озмун дар Украина доир шуд ва мақомоти он кишвар аз аз вуруди Самайлова ба Украина ҷилавгирӣ карданд. Зеро, Самойлова бар хилофи қонунгузории Украина, ба нимҷазираи Қрим на тавассути гузаргоҳи марзии Украина, балки мустақиман аз Русия рафт.

Баъди ин ҳодиса созмондиҳандагони "Евровидение" қонунҳои озмунро тағйир доданд. Ҳамакнун, онҳое, ки мумкин аст, бо қонунгузории кишвари мизбони озмун мушкил доранд, аз ҳаққи ширкат дар озмун маҳрум мешаванд.

Даври ниҳоии озмун фардо - 12 май баргузор мегардад. Бархеҳо аз ҳоло тахмин мекунанд, ки намояндаи Кипр Элена Фурейр бо суруди "Шуъла"-аш пирӯз хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG