Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарори ИМА дар робита ба Эрон Русияро "шадидан дилсард кард"


Вазорати корҳои хориҷии Русия
Вазорати корҳои хориҷии Русия

Вазорати корҳои хориҷии Русия аз қарори президент Доналд Трамп оиди хуруҷи якҷонибаи ИМА аз созиши ҳастаӣ бо Эрон, маълум бо номи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ), изҳори "дилсардии амиқ" кард. Вазортаи корҳои хориҷии Русия ин барномаро ҳамчун созиши бисёрҷониба ситоиш кард, ки бо пуштибонии Шӯрои Амнияти СММ қабул шудааст.

Қароре, ки рӯзи 8 май эълон шуд, далели дигарест, ки созиш бо Вашингтон қобили эътимод нест,- омадааст дар изҳороти вазорат, ки рӯзи 8 май дар саҳифаи ин ниҳод ба нашр расид. Фаъолиятҳои ҳастаии Эрон комилан қонунӣ буда, иддаои Амрико танҳо баҳонаест, ки Вашингтон ҳисобҳои сиёсиашро бо Теҳрон баробар кунад,- гуфта мешавад дар изҳороти Вазортаи корҳои хориҷии Русия.

XS
SM
MD
LG