Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

45 кг ҳероин - дар дохили як мошини "Нива"


Акс аз вебсайти ВКД
Акс аз вебсайти ВКД

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду сокини шаҳри Хоруғ бо иттиҳоми интиқоли наздики 50 кг ҳероин ва афюн хабар дод. Маълум нест, ки боздошти ин ду мард кай рух додааст, вале дар хабаре, ки рӯзи 8 май нашр шуд, гуфта мешавад, ки гумонбарон Шодӣ Шоикови 35 ва Артур Ёрбекови 23-сола (донишҷӯи соли 5-уми Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ) аз вилояти Бадахшон ин маводро ба Душанбе ворид карда боздошт шуданд. Зоҳиран ин ҳодиса аз оғоз таҳти назорати полис қарор доштааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки гумонбарон ҳангоми аз мошини тамғаи «Нива» берун овардани ин мавод, ки дар дохили 4 адад қуттии картонӣ бо навиштаҷоти «Шоҳона» қарор доштааст, дастгир шуданд. Дар дохили ин қуттиҳо 47 адад бастаҳои селофании ранги зардчатобдошта ошкор ва мусодира шуд. Дар бастаҳо бо вазни умумии 47 килограмму 690 грамм буда, 45 килограммаш ҳероин ва наздики 3 килограмми дигараш афюн будааст. Тафтиши ҳодиса шурӯъ шуда, гумонбарон бар асоси моддаи 200, қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон ҳаммарз аст ва қочоқбарони маводи мухаддир бо ҳадафи дарёфти даромади бештар талош мекунанд аз хоки ин кишвар ба Тоҷикистон ин маводро ворид кунанд.

XS
SM
MD
LG