Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи Лубнон гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" пешсаф мешавад


Ҳавзаи интихоботӣ дар Бейрут - 6 май, 2018
Ҳавзаи интихоботӣ дар Бейрут - 6 май, 2018

Дар интихоботи порлумонии Лубнон гурӯҳи шиаи "Ҳизбуллоҳ" ва шарикони сиёсиаш беш аз нисфи курсиҳои порлумонро соҳиб шуданд. Дар ин бора Reuters рӯзи 7 май, бо такя ба натиҷаҳои пешакии интихобот хабар дод. Аз соли 2009 ин нахустин интихобот аст, ки дар Лубнон баргузор шуд.

Ба гуфтаи Вазорати хориҷии Лубнон, ширкати шарҳвандони қобили овоздиҳӣ на камтар аз 50 дар сад буд. Дар райдиҳии соли 2009 иштирок 54 дар садро ташкил дода буд.

"Ҳибуллоҳ" - як созмон низомӣ аст, ки мехоҳад давлати исломии монанд ба Эронро дар Лубнон бунёд кунад. Ин созмон аз тарафи Теҳрон сармоягузорӣ мешавад.

Моҳи октябри соли гузашта палатаи намояндагони ИМА қонун дар бораи шиддат бахшидан ба таҳримҳои зидди "Ҳизбуллоҳ"-ро тасвиб ва ин гурӯҳро "террористӣ" эътироф кард.

XS
SM
MD
LG