Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯҳонӣ гуфт, Амрико пушаймон мешавад, агар...


Ҳасан Рӯҳонӣ дар шаҳри Табрез
Ҳасан Рӯҳонӣ дар шаҳри Табрез

Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфт, агар Амрико аз созиши атомии соли 2015 даст бикашад, аз кардааш пушаймон мешавад, чун Эрон барои посух ба чунин қарори Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико омода шудааст.

Ҳасан Рӯҳонӣ дар як суханронӣ, ки рӯзи 6-уми май аз тариқи телевизиони давлатии Эрон нашр шуд, гуфт, “Мо барномаҳои муқовимат бо ҳаргуна қарори Доналд Трамп дар бораи созиши атомӣ дорем.” “Агар Амрико аз созиши атомӣ хориҷ шавад, ба зудӣ хоҳед, дид, ки чӣ гуна аз он пушаймон хоҳад шуд.”

Доналд Трамп гуфтааст, агар шарикони аврупоии Амрико то рӯзи 12-уми май, “нуқсҳои ваҳшатноки” созиши атомӣ бо Эронро ислоҳ накунанд, Амрико аз ин созиши чандҷониба хориҷ мекунад. Бар асоси ин тавофуқномаи Эрон бо Амрикову Чин, Русияву Фаронса, Олмону Бритониё, Теҳрон фаъолиятҳои атомиашро ба таври чашмгир коҳиш дод ва қудратҳои ҷаҳонӣ баъзе аз таҳримоти иқтисодӣ ба зидди Эронро сабук карданд.

Аммо Доналд Трамп гуфтааст, ки созиш ба қадри кофӣ сахт нест. Дигар тарафҳои санад аз Амрико хостаанд, ки аз ин созиш хориҷ нашавад, зеро беҳтарин роҳи ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ ҳамин созиш аст. Эрон мегӯяд, ҳеҷ гуна талаби Доналд Трамп барои тағйири созишро қабул надорад.

XS
SM
MD
LG