Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 140 нафар дар марзи Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ

Мақомоти қудратии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар се моҳи гузаштаи имсол дар марз бо Афғонистон се қочоқбари маводи мухаддирро куштанд ва 10 нафари дигарро дастгир кардаанд.

Дафтари матбуоти Нерӯҳои сарҳадии Кумитаи амниятӣ миллӣ рӯзи 5-уми май бо нашри баёнияе гуфт, ки дар ин муддат посбонони марзи Тоҷикистону Афғонистон 7 маротиба бо қочоқбарон вориди даргирӣ шудаанд ва дар амалиётҳои муштарак бо дигар мақомоти қудратӣ пеши роҳи қочоқи бештар аз 485 килограмм маводи мухаддиро гирифтаанд.

Ба қавли дафтари матбуоти нерӯҳои марзбонӣ дар муддати камтар аз 100 рӯзи имсол дар сарҳади Тоҷикистон 165 нафар аз ҷумла 140 нафар, ки барои қонуншиканӣ ҷустуҷӯ мешуданд, дар гузаргоҳҳои марзӣ дастгир шудаанд ва “ пас аз тартиб додани ҳуҷҷатҳои лозима ба мақомоти дахлдор супорида шуданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Низоми интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия тағйир меёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00
XS
SM
MD
LG