Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Испания мехост, кӯдаки қирғизро ғайриқонунӣ ба хориҷ барад


Марзи Қирғизистон дар минтақаи Оқжол
Марзи Қирғизистон дар минтақаи Оқжол

Рӯзи 1 май марзбонони Қирғизистон дар гузаргоҳи марзии Оқжоли ин кишвар шаҳрванди Испанияро боздошт карданд, ки мехост, як духтари 10-соларо бо худ ба хориҷ барад. Дар ин бора Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои мақомот, ҳангоми гузаштан аз назорати гумрукӣ шаҳрванди Испания рафтори шубҳанок дошт. Ӯ ҳангоми суолу ҷавоб бо мақомот ба хашм омада гуфтааст, ки на ӯ ва на духтари 10-сола забони русиро намедонанд.

"Аммо вақте нозир аз духтар савол кард, ки оё забони русиро медонад, ӯ посухи мусбат дод. Мақомот мушаххас карданд, ки модари кӯдак пештар аз ин дар бораи гум шудани духтараш ба мақомот хабар додааст", - омадааст дар хабари мақомот.

Шаҳрванди Испанияро аз ҳаққи хориҷ шудан аз Қирғизистон маҳрум карданд ва ба ихтиёри пулис супориданд.

XS
SM
MD
LG