Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боруҷердӣ: Эрон ба ҳамлаҳои мушакии Исроил посух медиҳад


Акс аз соли 2015
Акс аз соли 2015

Як мақоми баландпояи эронӣ ҳушдор дод, ки кишвараш алайҳи, ба гуфтааш “таҷовузи” Исроил дар Сурия, иқдом хоҳад кард. Алоуддин Боруҷердӣ, раиси Кумитаи амнияти миллии парлумони Эрон бо чунин лаҳн дар робита бо ҳамлаҳои мушакии ҳафтаи ҷорӣ дар Сурия суханронӣ кард, ки боиси кушта шудани 26 низомии эронии мустақар дар пойгоҳи низомии ин кишвар дар Сурия гардид. Боруҷердӣ баъди анҷоми музокироти дурӯза бо президенти Сурия Башор Асад дар Димишқ гуфт:

“Тааррузи режими сайҳунистӣ ба чунин ҳузуре табиист, ки ҳақи посухро барои Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳфуз нигаҳ хоҳад дошт ва мо дар замони муносиб посухи худро хоҳем дод”.

Вай гуфт, ки низомиёни эронӣ дар Сурия бо дархости ҳукумати ин кишвар қарор доранд. Боруҷердӣ шабеҳ ба як ҳушдори рӯзи 30 апрели раҳбарии олии Эрон Оятулло Алии Хоманеӣ сӯҳбат мекард, ки гуфта буд, “дигар он давраҳо гузаштааст, ки душманони Эрон метавонистанд зарба бизананду бираванд”. Ин дар ҳолест, ки ҳеҷ кишваре масъулияти ҳамлаи мушакии 29 апрелро ба ӯҳда нагирифтааст. Танҳо тахмин зада мешавад, ки мушакҳои партобшуда исроилӣ буданд. Дар ҳоле, ки Исроил ин ҳодисаҳоро шарҳ надодааст, эътироф кардааст, ки дар посух ба истиқрори эрониҳо дар Сурия ваё интиқоли силоҳ ба Ҳизбуллоҳ даҳҳо мушак партоб кардааст. Ба иттилои нозирони ҳуқуқи башар дар Сурия, дар ҳамлаҳои мушакии 29 апрел дар пойгоҳи низомии Бригадаи 47 , ки аксараш эронӣ мебошанд, 26 нафар кушта шуд.

XS
SM
MD
LG