Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони Порис рӯзи 1 майро бо бетартибиҳо "таҷлил" карданд


Алангаи сунъи дар дасти як тазоҳургари Фаронса
Алангаи сунъи дар дасти як тазоҳургари Фаронса

Роҳпаймоии рӯзи 1 майи иттифоқҳои касабаи Фаронса бар зидди ислоҳоти иқтисодии президент Эммануэл Макрон бо бетартибӣ ва боздошт анҷомид. Наздики 1200 тундгарои ниқобпӯш ба сӯи пулис санг ва "коктейли Молотов" ҳаво доданд.

Анбуҳи эътирозгарон бояд аз майдони Бастилия то майдони Италия роҳпаймоӣ мекарданд, аммо роҳпаймоии иттифоқҳои касабаро намояндагони ҳаракати тундгарои "Блоки сиёҳ" халалдор кард. Онҳо айвонҳои мағозаҳову бонкҳоро тахриб ва қуттиҳои партовро оташ заданд.

"Блоки сиёҳ" ба даст доштанаш дар бетартибиҳои Ҳамбург дар тобистони соли 2017 дар рӯзҳои мулоқоти "Бистгонаи бузург" маъруф аст. Он замон бештар аз 70 пулис маҷруҳ шуда буд.

XS
SM
MD
LG