Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибони Афғонистон аз оғози ҳамлаҳои баҳорӣ хабар доданд


Саҳнаи амали террористӣ дар Кобул
Саҳнаи амали террористӣ дар Кобул

Гурӯҳи мусаллаҳаи Толибон дар Афғонистон аз оғози ҳамлаҳои баҳорӣ, ки ҳамасола дар ин фасл ҷараён мегирад, хабар дод. Дар изҳороти Толибон, ки рӯзи 25 апрел дар интернет нашр шуд, гуфта мешавад, ки ҳамлаҳои баҳорӣ таҳти унвони "Ал Ҳандақ" асосан "ба куштори истилогарони амрикоӣ тамаркуз мекунад".

Дар ин изҳорот ҳамчунин омадааст, ки ҳамлаҳоро Комиссиюни низомии Толибон ташкил кард. Ин ҳамлаҳо ба хотири даргирии Ҳандақ номгузорӣ шудааст, ки дар ҷараёни он ҳудуди 3000 мусалмон, соли 627, дар атрофи Мадинаи Арабистони Саудӣ ҳандақ канданд ва як моҳ дар муқобили ғайри арабҳо ва яҳудиҳо истодагирӣ карданд. Изҳороти Толибон дар пасманзари мавҷи нави амалҳои террористӣ дар Афғонистон эълон шуд.

Рӯзи 24 апрел дар пайи ҳамлаҳои Толибон дар вилояти Фараҳ ва Ғазнии Афғонистон дастикам 11 сарбоз ва корманди пулис кушта шуд. 23 апрел дар ҳамлаи дигари Толибон дар қисмати ғарбии кишвар 18 сарбози артиш ва пулис ба ҳалокат расид.

XS
SM
MD
LG