Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти президенти РАО/РО роҷеъ ба латту кӯби рӯзноманигорон дар Арманистон


Се рӯзноманигори Радиои Аврупои Озод/ Радиои Озодӣ охири ҳафтаи гузашта ҳангоми бозтоби эътирозҳои дастаҷамъӣ зидди сарвазири Арманистон Серж Саргсян, мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Эътирозҳо 23 апрел баъд аз 11 рӯз бо истеъфои сарвазир анҷомиданд.

РАО/РО Томас Кент дар робита ба ин ҳамла гуфт, ки "ин ки кормандони пулис дар миёни ҳамлагарон буданд ё ба онҳо мусоидат кардаанд, хеле нигаронкунанда аст ва мо талаб дорем, ки дастандаркорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд".

Як корманди пулис рӯзи 22 апрел ба Наира Булгадарян, рӯзноманигори Бахши армании Радиои Озодӣ ҳамла карда, дурбини ӯро, ки таҳаввулоти майдони "Республика"-и Ереванро мустақиман пахм мекард аз кор баровард.

Як рӯз пеш аз ин ҳодиса филмсоз Анатолий Егизарян низ мавриди ҳамла қарор гирифт. Ӯро кормандони пулис, ки роҳро аз мошинҳои эътирозгарон тоза мекарданд, барои наворбардорӣ бо телефон латтукӯб карданд.

Худи ҳамон рӯз хабарнигор Арус Хакобян низ дар натиҷаи ҳамлаи як шахс бо либоси мулкӣ ҷароҳат бардошт. Ба рӯзноманигор ҳангоми пахши гузориш аз шоҳроҳи воқеъ дар 30-километрии ҷануби Ереван ҳамла сурат гирифт ва ин ҳодиса наворбардорӣ шуд. Дар навор дида мешавад, кормандони пулис, ки дар маҳалли ҳодиса ҳузур доранд, ҳеч вокуниш нишон намедиҳанд ва пеши роҳи ҳамлагарро низ намегиранд. Додситони кулли Арманистон дастур додааст, ки ҳамла ба Хакобянро таҳқиқ кунанд.

XS
SM
MD
LG