Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати як тоҷири афғон дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бар асари садама дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин (Шӯроободи пешин) як тоҷири афғон аз ноҳияи Дарвози Афғонистон ҷон бохтааст. Ҳодиса рӯзи шанбе 21-уми апрел рух додааст. Аз ин тоҷир Азизуллоҳ ном бурда мешавад ва сокини деҳаи Моймаи болои вулусволии Моймаи Дарвози Афғонистон будааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи тоҷики бошини борбаре, ки ба садама дучор шудааст, зинда мондааст. Ҷасади тоҷири афғонро ба зодгоҳаш интиқол додаанд. Тоҷирони афғон бо Тоҷикистон бо додугирифти зиёд доранд.

XS
SM
MD
LG