Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҷаб Тайиб Эрдуғон интихоботи пеш аз муҳлат эълон кард


Эрдуғон ҳангоми эълони интихоботи пеш аз муҳлат. 18 апрел, 2018
Эрдуғон ҳангоми эълони интихоботи пеш аз муҳлат. 18 апрел, 2018

Раиси ҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон эълон кард, ки интихобот рӯзи 24 июн, қариб як сол пеш аз муҳлат баргузор мешавад.

Эрдуғон рӯзи 18 апрел бо эълони ин хабар гуфт, ки Туркия бояд оҷилан ба низоми идораи президентӣ гузарад.

Қарор буд, интихоботи навбатии парламент ва президент моҳи ноябри соли 2019 баргузор шавад.

Эрдуғон гуфт, ӯ баъди сӯҳбат бо Давлати Барчелӣ - раҳбари ҳизби миллатгарои Ҷумбиши миллӣ ба ин қарор расид. Барчелӣ рӯзи 17 апрел идеяи интихоботи пеш аз муҳлатро ба таври ғайриинтизор матраҳ кард.

Туркия аз низоми парламентӣ ба идораи президентӣ мегузарад, ки дар он раиси ҷумҳур аз салоҳиятҳои густарда бархурдор хоҳад буд. Таъғирот дафъатан баъди интихобот ҳукми иҷро мегирад.

Давлат Барчелӣ, шарики президент Эрдуғон, бо ишора ба "талошҳои эҷоди нооромӣ дар кишавар" гуфт, ки ба дарозо кашидани додани замони баргузории интихобот зарур нест".

XS
SM
MD
LG