Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 ҷавони муттаҳам дар авбошии гурӯҳӣ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд


Акс аз вебсайти раёсати вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе
Акс аз вебсайти раёсати вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе

Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз боз шудани парванда нисбат ба 16 ҷавоне, ки дар ташкили муноқишаи гурӯҳӣ муттаҳам мешуданд, хабар дод. Дар хабар аз рӯзи 18 апрел гуфта мешавад, дар миёни боздоштшудаҳо 2 хонандаи мактаб ва 6 донишҷӯи Донишгоҳи олии Тоҷикистон низ мебошанд.

Нисбати онҳо бар асоси моддаи 237 қисми 3, яъне авбошии гурӯҳӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, “нисбати 15 нафар қарор дар намуди ба ҳабси пешакӣ гирифтан содир гардида, нисбати 1 нафар ноболиғ чораи пешгирӣ дар намуди забонхат дар бораи набаромадан аз ҷойи истиқомат татбиқ карда шуд”.

Ҳодисаи занозанӣ шоми 28 март миёни ду гурӯҳ ҷавонони маҳаллаҳои Гипрозем ва ноҳияи Рӯдакӣ бо истифода аз чубдасту олоти оҳанин сар зада буд. Дар пайи занозании ҷавонон нӯҳ адад мошини шахсии сокинон низ осеб дид, мегӯяд полиси Душанбе.

Қаблан, мақомот гуфта буданд, ки ду ҷавон - Шоҳрух Розиқов ва Наҷибулло Баротов “саркардаҳои авбошӣ” ва ё омилони асосии занозанӣ ҳастанд. Ду нафар баъди даъвову занозанӣ бо ҳамдигар дигар рафиқонашонро барои ниқор гирифтан аз ҳамдигар даъват мекунанд ва муддати тахминан 15 дақиқа бо ҳам занозанӣ мекунанд.

Баъди ин ҳам муноқиша поён намеёбад ва соати ҳафтуними шом, Шоҳрух Розиқов, як гурӯҳи ҷавононро барои интиқом гирифтан аз Наҷибулло Баротов ба маҳаллаи Гипрозем ва ё Шаҳраки Ҳарбиён мебарад. Ба гуфтаи мақомот, ҳамчун қасос гурӯҳи ҷавонон ойинаву шишаҳои чанд мошин аз ҷумла мошини як шаҳрванди Русияро мешикананд ва “тартиботи ҷамъиятиро 20-30 дақиқа дағалона вайрон мекунанд.

Баъди ин ҳодиса сокинони маҳалла ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз дидани ҷавонони ниқобпӯш ба изтироб афтода ва сахт тарсидаанд.

Феълан мавқеи худи ҷавонҳо ва ҳам хешовандонашон дар робита бо ин иттиҳом дар даст нест.

XS
SM
MD
LG