Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: Бештари муҳоҷироне, ки ба Тоҷикистон баргаштанд, дар Русия кор кардаанд


Бар пояи як назарсанҷӣ, бештари муҳоҷирони корӣ (98%), ки ба Тоҷикистон баргаштанд, дар Русия кор кардаанд. Ин назарсанҷии Фонди ҳамкории "Тоҷикистон", ки дар якҷоягӣ бо созмони ҷамъиятии Маркази рушди инноватсионӣ ва бо кӯмаки институти "Ҷомеаи кушод" анҷом дод, мегӯяд, 2% дарсади ин муҳоҷирони ширкаткунанда дар ин назарпурсӣ, дар Қазоқистон кору фаъолият кардаанд.

Дар ин назарсанҷӣ 1352 нафар ширкат карданд -- аксари пурсидашудаҳо мардон (83%) ва 17 % занон будаанд. Қисмати аслии муҳоҷирони пурсидашуда афроди аз 35 то 45-сола (46 дарсад) ва аз 18 то 29-сола 42 дарсадро ташкил додаанд. Афроди сини боло аз 46-сола дар ин назарпурсӣ 12 дарсадро ташкил додаанд.

Ин пажӯҳиш мегӯяд, ки нисфи пурсидашудаҳо (50%) соҳиби маълумоти миёна, 18 дарсад ҳам маълумоти миёнаи касбӣ ва 19 дарсад дорои маълумоти олӣ будаанд. Бар пояи ин назарсанҷӣ, 60 дарсади муҳоҷирони кории тоҷик то замони сафар ҳеҷ гуна ихтисосе надоштаанд. Беш аз 24 дарсад, ки пурсида шуданд, дорои касбҳои ғайрикоргарӣ ( муҳосиб, ҳуқуқдон, муаллим, корманди тиббӣ, таърихчӣ) будаанд. Танҳо 16 дарсади пурсидашудаҳо ихтисоси коргариро доштанду халос.

Ин назарсанҷӣ мегӯяд, ки 41 дарсади муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар бахши сохтмонӣ ва 38 дарсад дар бахши коммуналӣ ва тиҷорат кор кардаанд. Боқимонда (21%) дар бахши саноат, нақлиёт ва хоҷагии қишлоқ машғул буданд.

Бар асоси ин пажӯҳиш, дар ҳоли ҳозир пулҳои фиристодаи муҳоҷирони корӣ яке аз факторҳои муҳими суботи иҷтимоӣ-иқтисод дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Қисмати асосии муҳоҷирони корӣ (93%) моҳона ба хонаводаҳои худ аз 600 то 3000 сомонӣ (муодили 67,93 то 339,63 доллар) мефиристанд. Аксари муҳоҷирони кории собиқ (65%), ки дар ин бозпурсӣ ширкат доштанд, гуфтаанд, ки онҳо ахиран пули камтаре дарёфт карданд.

Бар пояи ин назарсанҷӣ, маблағҳои фиристодашуда барои хариди маводи аввалияи рӯзгор (54%), барои таълими фарзандон (20%) харҷ мешавад. Боқимонда (23%) барои сохтмон, таъмир ва хариди хона, мошин ва ғайра сарф мешудааст.

42% дарсади пурсидашудаҳо далели бозгашти худро ба нақзи қонунҳои будубош ва депортатсия рабт доданд. 23 дарсад гуфтаанд, ки вазъи иқтисодӣ ва бӯҳрон дар Русия онҳоро маҷбур кард аз муҳоҷират баргарданд. 15 дарсад ҳам гуфтаанд, ки бинобар далоили шахсӣ (мураххасӣ, арӯсӣ , шароити хонаводагӣ), аз муҳоҷирати корӣ баргаштаанд.

XS
SM
MD
LG