Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона Чинро ба таъқиби қазоқтаборон айбдор кард


Мухтор Тиловбердӣ - ноиби вазири умури хориҷии Қазоқистон
Мухтор Тиловбердӣ - ноиби вазири умури хориҷии Қазоқистон

Муовини вазири умури хориҷии Қазоқистон Мухтор Тиловбердӣ рӯзи 16-уми апрел дар ҷаласаи порлумон вазъи оралманҳо - қазоқҳои аз Чин бозгаштаро шарҳ дод.

Ба гуфтаи ӯ, қазоқҳое, ки дар Қазоқистон мақоми оралманӣ дарёфт кардаанд, ҳангоми бозгашт дар Чин боздошт шудаанд. Тилобердӣ гуфт, гуфтугӯҳои мақомоти ду кишвар дар ин бобат идома доранд.

"Онҳоро барои он ҳабс кардаанд, ки худро аз сабти доимӣ дар Чин набароварда, кумакпулиҳои иловагӣ дарёфт мекардаанд. Ин амал дар Чин манъ аст. Ҳоло гуфтугӯҳо бо ҳукумати Чин дар ин бобат идома доранд", - изҳор дошт муовини вазири умури хориҷии Қазоқистон.

Муовини вазири умури хориҷӣ афзуд, қарор аст, 17-уми апрел ба шаҳри Урумчии Чин сафар карда, дар онҷо масоили марбут ба қазоқтаборонро баррасӣ кунад.

Расонаҳо аз таъқиби қазоқтаборон дар Чин бори нахуст моҳи апрели соли 2017 хабар доданд. Дар миёни боздоштшудаҳо қазоқҳое низ ҳастанд, ки ба ватани таърихии худ баргашта, шаҳрвандии Қазоқистонро ҳам ба даст овардаанд.

Моҳи гузашта дар шаҳри Алмато як гуруҳи оралманҳо аз шаҳрдорӣ дархост карданд, ки ба онҳо иҷозат диҳанд, то зидди таъқиби хешовандонашон дар Чин тазоҳурот барпо кунанд.

XS
SM
MD
LG