Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон мушаки дигареро озмоиш кардааст


Ин мушаки "Шоҳин" аст, ки артиши Покистон соли 2017 зимни паради низомӣ намоиш дод.
Ин мушаки "Шоҳин" аст, ки артиши Покистон соли 2017 зимни паради низомӣ намоиш дод.

Артиши Покистон гуфт, ки навъи такмилдодаи мушаки баллистикии “Бобур”-ро бомувафаққият озмоиш кардаанд.

Дар баёнияи артиш аз рӯзи 14-уми апрел омадааст, ки мушаки такмилшуда метавонад, ҳадафи худро дар масофаи то 700 километр чӣ дар баҳру ва ё чӣ дар замин дақиқ ҳадаф гирифта, аз байн барад.

Дар баёния ҳамчунин омадааст, ки “Ин мушак дар иртифои паст ва ноаён парвоз мекунад ва қодир ба ҳамлаи кулоҳкаҳои гуногун аст.”

Соли гузашта артиши Покистон гуфт, ба онҳо муяссар шудааст, нахустин бор партоби мушаки қодир ба ҳамлаи кулоҳаки атомиро аз киштии зериобӣ озмоиш кунанд ва озмоиш ҳам муввафақиятомез будааст.

Ҳинду Покистон ду рақиб ва кишвари мусаллаҳ бо аслиҳаи атомӣ аз соли 1998 то кунун навъҳои гуногуни мушак офарида ва озмоиш кардаанд. Ду кишвар баъди раҳоӣ аз мустамликаи Бритониё дар соли 1947 се бор бо ҳам ҷангидаанд.

XS
SM
MD
LG