Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти нахустини САҲА ва мақомоти тоҷик дар формати нав


Дар Душанбе мулоқоти баланпояи аъзои ҳукумати Тоҷикистон, САҲА ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор шуд. Дар музокироте, ки рӯзи 11 апрел ҷараён гирифт, ҳамкориҳои Тоҷикистону САҲА дар соли 2017 ва ҳам дурнамои ҳамкориҳо то соли 2019 баррасӣ шуд.

Ин яке аз ду музокироти солонаи миёни ҷонибҳо дар формат ё қолаби нави ҳамкориҳо мебошад, гуфта мешавад дар изҳороти САҲА, ки рӯзи 12 апрел дар вебсайти созмон нашр шуд. Музокирот ба тақвияти ҳамкориҳои миёни дафтари барномавии САҲА дар Душанбе ва ҳукумати Тоҷикистон бар пояи ҳамкориҳои бунёдӣ ва шаффофияту самимият равона шудааст, омадааст дар изҳорот.

Туула Юрёла, раҳбари дафтари барномавии САҲА дар Душанбе гуфт, ки аз соли 2007 масъулини ин созмон бо мақомоти тоҷик соле як бор барои баррасии барномаҳои корӣ дидор мекарданд ва ҳоло ин чаҳорчӯб иваз мешавад. Раҳбари намояндагии САҲА гуфтааст, ки музокирот бо мақомоти тоҷик бар асоси эҳтиёҷоти ин кишвар ва бар пояи рисолатҳои ин созмон анҷом гирифт. Вай изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкории ин созмон бо ҳукумат ва ҷомеаи маданӣ тавсеа меёбад.

Муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон Исматулло Насриддин, ки дар ин музокирот ширкат кардааст, гуфтааст, ки “ин мулоқот барои баррасии бозу шаффофи эҳтиёҷоти Тоҷикистон зарур аст”. Дар изҳороти САҲА инчунин гуфта мешавад, ки дипломати тоҷик гуфтааст, “воқеияти имрӯзаи Тоҷикистон аз солҳои гузашта комилан фарқ мекунад” ва “мо бояд бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла САҲА, бо назардошти манфиатҳои кишвари худ ҳамкории густурда ба роҳ монем”.

Дар ин мулоқот раиси маркази ҷилавгирӣ аз низоъҳои САҲА Марсел Пешко ба нақши муҳими Тоҷикистон дар таъмини амнияти минтақавӣ ба ҳайси як ҳамсояи Афғонистон таъкид кардааст. Мулоқоти баъдӣ соли 2019 баргузор мешавад.

Баъди дар нишасти ҳуқуқи башари САҲА сентябри соли 2016 дар Варшава ширкат кардани намояндагони мухолифону мунаққидони ҳукумати Тоҷикистон, Душанбе аз ин ҳодиса нороҳат шуд ва гуфт, ки ин созмон ба онҳое, ки дар Тоҷикистон “террорист” ва “ҷинояткор” ном гирифтаанд, минбар дод. Ин ҳодиса як сол баъди мамнӯъ шудани ҲНИТ дар Тоҷикистон рух дод. Баъди ин мавқеи САҲА дар Тоҷикистон то дафтари барномавӣ коҳиш дода шуд. Мунаққидон – созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон Тоҷикистонро дар маҳдуд кардани озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ дар солҳои охир муттаҳам мекунанд.

XS
SM
MD
LG