Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири молияи ИМА: Эронро таҳримҳои сангин дар пеш аст


Вазири молияи ИМА Стивен Мнучин гуфт, имкон дорад, ки ИМА нисбати Эрон таҳримҳои “хеле шадид” ҷорӣ кунад. Президент Доналд Трамп созиши ҳастаии байни қудратҳои ҷаҳонӣ ва ҳам Теҳронро дар соли 2015 “як даҳшат” хонда ба берун шудани Амрико аз ин созиш таҳдид кард.

Мнучин, ки шоми 11 апрел дар як Комиссиюни тахсиси будҷаи маҷлиси намояндагони ИМА ҳозир шуд, гуфт, таҳримҳои нав зидди худи Эрон ва ҳам муассисаҳое, ки бо ин кишвар тиҷорату ҳамкорӣ мекунанд, рабт хоҳанд гирифт. Вай гуфт, ки тадбирҳои нав ба иқтисоди Эрон таъсири хеле зиёд хоҳад гузошт.

Трамп гуфт, ки 12 май рӯзи охирини баррасии нақши ИМА дар ин созиш аст ва бояд тасмим гирифта шавад, ки Амрико аз он хориҷ мешавад ваё тағйироте дар он ворид хоҳад шуд. Созиши ҳастаӣ дар аҳди президент Барак Обама ҳосил шудааст. Ин созиш ба Эрон ба ивази дасткашӣ аз фаъолиятҳои ҳастаӣ раҳоӣ аз таҳримои иқтисодиро фароҳам овард.

Дар паи мулоқот дар маҷлис, дар сӯҳбат бо журналистон Мнучин гуфт, ки маъмурияти ИМА дар фикри ҷорӣ кардани бастаи нави таҳримҳо ва ҳам бозгардони таҳримҳои пешина мебошад. Вай гуфт, Трамп аз “рафтори Эрон бисёр нигарон аст” ва “мехоҳад созиши беҳтаре ҳосил шавад”. Имзогузорони дигари созиши ҳастаӣ бо Эрон – Фаронса, Бритониё ва Олмон ҷонибдори инанд, ки Иттиҳодияи Аврупо аз таҳримҳои нав тарафдорӣ кунад, то ки Трамп ва ИМА аз созиш хориҷ нашаванд.

Рӯзи 9 апрел президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ Вашингтонро ҳушдор дод, ки агар шартҳои созишро нақз кунад, пушаймон хоҳад шуд. “Мо аз он чи ки онҳо фикр мекунанд, бештар омода ҳастем ва агар онҳо ин созишро нақз кунанд, дар фосилаи як ҳафта ё камтар аз он натиҷаашро шоҳид хоҳанд шуд”, гуфт Рӯҳонӣ.

Видеоҳои охирин

Ҷанги акка ва мор дар Роғун
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:36 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG