Пайвандҳои дастрасӣ

Эрдуғон дар дидор бо Ҷеенбков аз "пайравони Гюлен" ёдовар шуд


Сооронбой Ҷеенбеков ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон

Сооронбой Ҷээнбеков, президенти Қирғизистон рӯзи 9 апрел бо Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия дар Анқара мулоқот кард. Ду президент масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бархе аз масоили робитаҳои ду кишварро баррасӣ карданд.

Дар бахши сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон чанд созишнома ба имзо расид.

Эрдуғон дар нишасти матбуотии муштарак дар ҳузури хабарнигорон Қирғизистонро барои Туркия "кишвари махсус" номид. Ӯ ҳамчунин даъват кард, ки нисбати ҳаракати Фатҳуллоҳ Гюлен чораандешӣ шавад. Туркия ҳаракати Гюленро дар табаддулоти нокоми моҳи июли соли 2016 айбдор медонад.

"Ҳамкориҳои наздики мо, мутаассифона, баъди табаддулоти соли 2016 ба имтиҳонҳои гуногун рӯ ба рӯ шуд. Ҳаракати Гюлен тавассути одамон талош кард, ки ҳамкориҳои моро бад кунад. Сафари имрӯзии Ҷээнбеков беҳтарин посух ба ҳаводорони Гюлен аст",- гуфт Эрдуғон.

Аммо Ҷээнбеков дар нишасти муштараки матбуотӣ дар мавриди ҳаракати Гюлен ҳарфе назад.

Мақомоти Туркия баъди табаддулоти ноком аз ҳукумати Қирғизистон талаб карданд, ки муассисаҳои таълимии Фатҳуллоҳ Гюленро бандад. Он замон Бишкеки расмӣ ба Туркия посух дод, ки муассисаҳои таълимии туркӣ ба Қирғизистон хатар надоранд.

Видеоҳои охирин

Сархатти рӯйдодҳои 20-уми апрели соли 2018
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:01:29 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG