Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои ИМА: бохти бозори Русия ба 2,7 трлн рубл расид


Бозори бурси Маскав
Бозори бурси Маскав

Сармоягузорӣ дар бозори саҳҳоми Русия дар як рӯз то ба 1 триллиону 700 миллирд рубл, ё 7 дар сад коҳиш ёфт. Дар ин бора нашрияи "Ведомости" бо такя ба натиҷаи саводои бозори бурси Маскав хабар дод.

Рӯзи 6 апрел Вашингтон алайҳи ширкат ва шаҳрвандони алоҳидаи Русия таҳрим ҷорӣ кард. Ин маҳдудият посух ба дахолати Кремл дар умури интихоботи президентии соли 2016-и Амрико буд. Баъди эълони таҳримҳо бозори бурси Русия ба шиддат поён рафт. Бохти 50 нафари сарватманд дар Русия 12 миллиарду 700 миллион ҳисоб шуд. Арзиши евро дар баробари рубл барои аввалин бор аз соли 2016 ба 75 рубл расид.

XS
SM
MD
LG