Пайвандҳои дастрасӣ

"Русал" аз хавфи дефолти фаннӣ ҳушдор дод


Олигархи рус Олег Дерипаска

Ширкати "Русал"-и Олег Дерипаска ба думболи таҳримҳои ахири ИМА рӯзи душанбе аз хатари дефолти фаннӣ дар баробари масъулиятҳои қарзиаш ҳушдор дод. Баъди пахши ин хабар уфти саҳмияҳои "Русал" дар бозори бурси Ҳонконг аз марзи 50 дар сад гузашт. Рӯзи душанбе коҳиши қиммати саҳмияҳои аслии Дерипаска дар бозори бурси Маскав, идома ёфт. Онҳо се баробар арзон шуданд. Дар ин бора нашрияи "Ведомости" хабар дод.

Феълан ширкат масъулияташро дар баробари қарздиҳандаҳо иҷро мекунад, - гуфтаанд мақомоти "Русал". Аммо таҳримҳо ба сурати умум ба бизнес ва дурнамои рушди он таъсири манфӣ мегузорад,- омадааст дар изҳороти ширкати алюминии Русия.

Ба гуфтаи шабаекаи телевизионии РБК, аз замони эълони маҳдудиятҳои Вашингтон, коҳиши сармояи "Русал" дар бозори бурси Ҳонконг ҳудуди чаҳор миллиард долларро ташкил дод.

Рӯзи 6 апрел Ийолоти Муттаҳидаи Амрико алайҳи 24 ҳарванд ва 14 ширкати Русия таҳрим ҷорӣ кард. Дар феҳрасти Вазорати молияи Амрико афроде шомил шудаанд, ки "аз режими Путин баҳра мебардорнад ва ё дар амалкардҳои зараровари Русия нақш доранд". Олег Дерипаска ва ширкати "Русал"-и ӯ низ ба ин рӯйхат шомил шудааст.

Таҳримҳо боздошти дороиҳои афродеро дар назар дорад, ки номи онҳо дар ферасти ИМА буда, шаҳрвандон ва ширкатҳои амрикоӣ ҳақ надоранд бо онҳо ҳамкорӣ кунанд.

Видеоҳои охирин

Аз қатли Ҳувайдои 5-сола то наҷоти зану кӯдаки рус. Соли муҳоҷирони тоҷик
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:05:31 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG