Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Виктор Орбан ва "Фидес" дар интихоботи парлумонии Венгрия пирӯз шуданд


Виктор Орбан, нахуствазири ростгаро ва ҳам маъруф бо сиёсати зиддимуҳоҷират, худ ва ҳизби ҳокими “Фидес”-ро пирӯзи интихоботи парлумонии Венгрия ё Маҷористон эълон кард. Интихобот ба ҳукумати Орбан бори сеюм имкони дар қудрат монданро фароҳам овард. Баъди шумориши 98,5 дарсади раъйҳо гуфта шуд, ки “Фидес” 48,8 дарсади раъйҳоро бурда аз ҳизби миллатгарои “Йоббик” хеле пеш гузаштааст. Ин ҳизб 20 дарсади раъйи тарафдоронро ба даст овард. Дар интихоботи парлумонии Венгрия 69,3 дарсади шаҳрвандони қобили раъй иштирок карданд.

Виктор Орбан гуфт:

“Бояд бигӯям, ки як сабқати азиме пушти сар шуд ва мо ба пирӯзии қотеъ даст ёфтем. Мо имкони ҳиимоят аз Венгряро фароҳам овардем. Ватани мо Венгрия ҳанӯз дар масире нест, ки бояд бошад, вале бо ин вуҷуд тавонист роҳи худро интихоб кунад. Ҳамроҳ аз ин роҳ қадам мемонем”

Интихоботи парлумонии Венгрия рӯзи якшанбе, 8 апрел баргузор шуд.

XS
SM
MD
LG