Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интихоботи Маҷористон ҳизби ҳокими "Фидес" пешсаф шудааст


Нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан
Нахуствазири Маҷористон Виктор Орбан

Дар Маҷористон овоздиҳӣ ба интихоботи порлумонӣ анҷом ёфт ва интизор меравад, ки пирӯзӣ дар он ба нахуствазир Виктор Орбан бо ҳизби ҳокими "Фидес" насиб мешавад. Шумориши райъҳо оғоз шудааст ва бинобар маълумоти пешакӣ "Фидес" аз ҳизби миллатгарои "Йоббик" ва сотсиалистҳои марказгаро хеле пеш гузаштааст.

Биноба маълумоти пешакӣ, Фидес то ҳол беш аз 69 дар сад райъи тарафдор доштаст. Ҳавзаҳои интихоботӣ соати 6-и субҳи якшанбе боз шуда, аксари онҳо соати 19 00 - и вақти маҳаллӣ баста шуданд. Аммо натиҷаи пешакӣ, аз ончӣ интизор мерафт дертар эълон шуд, зеро райъдиҳандаҳои Будапешт натавонистанд то лаҳзаи баста шудани ҳавзаҳо овоз диҳанд,- гуфтааст Би-Би-Си.

Агар пирӯзии ҳизби Виктор Орбан дар интихобот тасдиқ шавад, ин сеюмин даври ӯ дар мақоми нахуствазири Маҷористон хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG