Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як хонаи Манораи Трамп дар оташ сӯхт


Дар Манораи Трамп, дафтарҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ ҷойгиранд.
Дар Манораи Трамп, дафтарҳои корӣ ва хонаҳои истиқоматӣ ҷойгиранд.

Дар натиҷаи оташсӯзӣ дар бинои осмонхароши Манораи Трамп дар Ню Йорк як марди 67 сола ҳалок шудааст. Сабаби оташ гирифтани хонаи ин мард дар табақаи 50-ум ҳанӯз маълум нест. Ҳодиса рӯзи 7-уми апрел ба вуқӯъ пайвастааст ва чаҳор оташнишон ҳангоми фурӯ нишондани оташ ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.

Даниел Нигро, раиси Идораи оташнишонии Ню Йорк рӯзи шанбе дар ин бора гуфт: "Оташи бисёр бад буд, хона бузург буд ва дар табақаи 50-ум. Бақияи бино дуди зиёде дошт. Барои фурӯ нишондан 200 нафар оташнишон ва маъмурони хадамоти наҷот лозим шуд. Бояд ошёнаҳо ва зинапояҳои зиёдеро тафтиш мекардем."

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар Твиттер навишт, ки оташро хомӯш кардаанд ва оташнишонҳо кори хубе нишон доданд. Доналд Трамп дар ин бино ҳам хона ва ҳам дафтар дорад, вале ҳангоми сӯхтор ҳеҷ яке аз аҳли хонаводааш дар ин бино набудаанд.

XS
SM
MD
LG