Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи даргирӣ дар марзи Ғазза ва Исроил. 7 нафар кушта шуд


Дар натиҷаи тирандозии нирӯҳои Исроил дар марз бо Ғазза рӯзи 6-уми апрел дастикам ҳафт нафар кушта ва садҳо тан захмӣ шуданд. Ин ҳодиса дар Навори Ғазза дар ҳоле сурат гирифт, ки тақрибан бист ҳазор фаластинӣ даст ба эътироз заданд. Мақомҳои фаластинӣ гуфтанд, ки дар миёни кушташудаҳо як духтари 16-сола низ ҳаст. Ба қавли онҳо, аз 30 март ба ин тараф дар натиҷаи танишҳо дар марзи Ғазза ва Исроил 29 фаластинӣ кушта шудаанд. Беш аз дуним ҳазор тани дигар захм бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG