Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роскомнадзор бастани паёмрасони Telegram-ро талаб кард


Паёмрасони Telegram
Паёмрасони Telegram

Роскомнадзор - ниҳоди давлатии танзимкунандаи фаъолияти матбуоти Русия, бо талаби бастани паёмрасони Telegram ба додгоҳ муроҷиат кард. Дар ин бора рӯзи ҷумъа дафтари матбуоти ин ниҳод хабар дод. Хабаргузораии "Интерфакс" мегӯяд, ки муроҷиат дар заминаи дархости Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) сурат гирифт.

Рӯзи чоршанбеи гузашта, муҳлате, ки Роскомнадзор ба раҳбарони паёмрасони Telegram дода буд, ба поён расид. Ин ниҳод аз Telegram талаб карда буд, ки калидҳои боз кардани паёмҳои корбаронро ба Хадамоти ФСБ таслим кунад.

Он замон раҳбари Хадамоти федеролии амният Александр Бортников гуфта буд, ки тамоми ҳамлаҳои амалишуда ва амалинашудаи террористӣ дар Русия тавассути паёмрасонҳо анҷом шудааст.

Қаблан Додгоҳи Олии Русия даъвои Telegram-ро, ки талаби ФСБ-ро дар заминаи дастрасӣ ба паёмҳои корбарон ғайриқонунӣ медонад, рад кард. Telegram ба Қонуни асоси Русия такя кард, ки мукотибаи маҳрамонаро кафолат додааст. Аммо ФСБ дар ҷавоб гуфт, паёмҳои корбарон маълумоте нест, ки Қонуни асосӣ аз онҳо ҳимоя кунад.

Аъзои Шӯрои ҳуқуқи башари назди президенти Русия аз Роскомнадзор даъват карданд, ки аз бастани Telegram худдорӣ кунад ва ФСБ роҳҳои дигари дастрасӣ ба мукотибаи шахсони алоҳидаро,ки ба амнияти миллӣ таҳдид мекунанд, пайдо намояд.

XS
SM
MD
LG