Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WSJ: ИМА имрӯз таҳримҳои зидди олигархҳои Путинро эълон мекунад


Игор Сечин - раҳбари РосНефт ва Алексей Миллиер раҳбари Газпром
Игор Сечин - раҳбари РосНефт ва Алексей Миллиер раҳбари Газпром

Маъмурияти президенти ИМА Доналд Трамп таҳримҳои зидди олигархҳои русро имрӯз, 6 апрел, эълон мекунад. Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба манбаҳои огоҳ хабар дод.

Таҳримҳо дар чаҳорчӯби Қонуни муқовимат бар душманони Амрико амалӣ мешаванд, ки Конгресси ИМА тасвиб кард ва президент Трамп ба ин санад ҳамчун посух ба дахолати Русия дар умури интихоботи соли 2016 имзо гузошт.

Матбуоти Амрико бо такя ба мақомоти расмӣ навиштааст, ки ба феҳраст номи аз 6 то 10 шаҳрванди Русия шомил аст. Номҳо ҳоло мушаххас нестанд. Қаблан гуфта мешуд, ки инҳо "олигархҳои наздик ба президент Путин ҳастанд". Дмитрий Песков, сухангӯи президент дар шарҳи ин хабар гуфт, ки Русия кайҳо боз олигарх надорад.

30 январ Вазорати молияи ИМА "гузориши Кремлин" - рӯйхати афроди наздик ба президент Владимир Путинро нашр кард, ки метавонанд мавриди таҳрими Амрико қарор бигиранд. Ба ин феҳраст ҳамаи аъзои ҳукумати Русия, кормандони маъмурияти президент, ширкатҳои давлатӣ, раҳбарони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва олигархҳо шомил буданд.

Рӯзи чоршанбе шабакаи телевизионии CNN хабар дод, ки муассисаи додситони вежа Роберт Мюллер, бо ду олигархи рус, ки дар ИМА сафар доштанд, сӯҳбат анҷом дод. Аз ин нафарон гӯё суол шудааст, ки оё дар бораи сармоягузориҳои мустақим, ё ғайримустақим аз Русия ба маъракаи интихоботии Доналд Трамп хабар доранд ё хайр. Номи ин ду нафар то ҳол маълум нест.

XS
SM
MD
LG